Кӯмак ба маризон

Апрель 5, 2012 14:34

Хоруғ, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Кормандони Раёсати минтақавии гумрук ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коруппсия дар ин рӯзҳои фасли баҳор ба аёдати маризони беморхонаи ақлу асаб воқеъ дар маркази ноҳияи Роштқалъа рафта, ба онҳо кӯмаки молию ғизоӣ мерасонанд.Раиси ноҳия Амоншоҳ Наврӯзшоев зимни мулоқот бо мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки баъди дастури Президенти кишвар ва раиси вилоят дар мавриди дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа теъдоди муассисаҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони алоҳида, ки ин амали хайрро анҷом медиҳанд, ба маротиб афзуд.Кормандони беморхона аз кӯмаки муассисаҳои зикршуда изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин амалҳои хайрхоҳона бисёр мушкилоти молиявии беморхонаро аз байн мебаранд.

Апрель 5, 2012 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад