Кишти нахустини пунба дар Суғд

Апрель 2, 2012 14:04

Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 31- марти соли 2012 дар бригадаи №3-и кооперативи истеҳсолии «Сартуқай» -и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд аввалин шуда мавсими нави кишт шурӯъ гардид. Кооперативи истеҳсолии «Сартуқай» аз хоҷагиҳои пешқадами кишоварзӣ буда, дорои 401 гектар замин аст ва соли ҷорӣ дар 101 гектари он пахтаи навъи маҳаллии «Сайёд» кишт мекунанд. Баробари пошидани пунбаҳои аввалин раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо аъзои хоҷагӣ, ки бо шавқу умеди зиёд мавсими нави кори деҳқониро оғоз кардаанд, вобаста ба шароити кору рӯзгорашон сӯҳбат кард. Хоҷагии мазкур ба ҷуз пахта 216 гектар боғи зардолу, 16 гектар токзор дорад ва дар майдони боқимондаи он шоливу махсулоти дигари кишоварзӣ парвариш мешавад.

Апрель 2, 2012 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад