Мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Хосе Эуседа
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Вазири корҳои дохилии ҶТ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов роҳбари Намояндагии Комиссариати Олии кор бо гурезагони Созмони миллали муттаҳид дар Тоҷикистон Хосе Эуседаро ба ҳузур пазируфт. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, мақсади вохурӣ баррасӣ ва бартараф намудани масъалаҳои мубрами рӯз вобаста ба ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои гурезагон ва шахсони паноҳҷӯянда, мушкилоти гурезагон, хусусан шаҳрвандони гурезаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, барои беҳтар намудани шароити зист, донишомӯзии онҳо, барои эшон муайян намудани мақоми шахсияти ғайришаҳрвандӣ, баррасии гирифтани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси манбаи ягонаи иттилоотӣ ва ҳифзи саломатии онҳо мебошад. Вазир инчунин дар ҷараёни нишаст таъкид намуд, ки барои беҳтар намудани ҳифзи саломатии гурезагон бояд тадбир андешид. Дар фарҷом ҷонибҳо бори дигар аз натиҷаҳои ҳамкориҳои судбахши минбаъда изҳори умедворӣ карданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






