Нақлиёти бе бензин ҳаракаткунанда

Апрель 3, 2012 09:28

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори раёсати газу нафти Вазорати энергетика ва савдо Ёрмаҳмад Бегмаҳмадов, бо вуҷуди нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 камтар ворид шудани маҳсулоти нафтӣ камбуди сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ҳис карда намешавад, зеро аксарияти нақлиёти шаҳрию беруназшаҳрӣ тавассути гази моеъ ҳаракат мекунад.Ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Ҷумҳурии Қазоқистон чор маротиба афзоиш ёфтааст. Дар айни замон панҷ ширкат – «Тоҷирон», «Фароз», «Зетгаз», «Газпромнефт- Тоҷикистон» ва «Муҳаммад Пӯлод» ба воридоти гази моеъ аз Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистону Туркманистон машғуланд.Боиси зикр аст, ки воридоти сӯзишвории дизелӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 беш аз ду ҳазор тонна афзоиш ёфтааст. Ин тадбир имкон медиҳад, ки кишоварзон бе танқисии сӯзишворӣ кишти баҳориро идома диҳанд.

Апрель 3, 2012 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад