Созишномаи байни Швейтсария ва Тоҷикистон ба мавқеи иҷро мерасад
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Созишномаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни Конфедератсияи Швейтсария ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро 15 июли соли 2011 вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Швейтсария дар ҶТ Стефан Неллен дар шаҳри Душанбе имзо намуда буданд, 1 майи соли равон ба мавқеи иҷро мерасад. Тавре аз дафтари намояндагии оид ба ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, созишномаи мазкур якҷоя бо муоҳадаи тасдиқшуда дар бораи роҳ надодан ба андозбандии дукарата нисбат ба андозҳои даромаду сармоя, ҳамчунин Созишнома дар бораи дастгирии ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ маҷмӯи пурраи ҳуҷҷатҳои байнидавлатиро ташкил медиҳад, ки мақсад аз онҳо танзиму густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки созишномаи мазкур бояд ба рушди бахши инфиродии ҳар ду кишвар суръати нав бахшад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






