Асбобу олотҳои оҳанинатонро аз анборҳои оҳанпора ҷӯед

Май 15, 2012 10:41

Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҷамъоварии оҳанпора аз ҷониби мактаббачаҳо аз нав авҷ гирифтааст. «Дар солҳои 70 – 80-и асри гузашта дар назди ҳар як бинои мактаб ғарами оҳанпора мехобид, ки садҳо тоннаро ташкил мекард ва касе парво надошт, ки ин чӣ қимате дорад»,- гуфт Абдулло Шукраков, ки беш аз 40 сол собиқаи кори омӯзгорӣ дорад. Мушоҳида мешавад, ки тамоми рӯз бачаҳо тавассути халтаю ароба чизеро аз як ҷо ба ҷойи дигар мекашонанд. Ҳолдонҳо муайян намуданд, ки ин халтаҳои сарбаста оҳанпора буда, ба анборҳои оҳанқабулкунӣ интиқол меёбанд. Дар яке аз дӯконҳои қабули оҳанпора дар ноҳияи Шоҳмансур рӯзе то 1,5 – 2 тонна оҳанпораҳои зангзадаю корношоям ва табару каланди коршоям ҳам қабул карда мешавад.- «Хайр, чаро набаранд, вақте ки як кило оҳанпора 90 дирам қимат дорад ва хонанда метавонад то 25-30 кг оҳанпораро ба маблағи 27 сомонӣ фурӯхта, ҳам пули мактабашро бе миннати падару модар диҳаду ҳам ғизои даркориашро ҳамон рӯз истеъмол намояд, ин бад нест, аммо онҳо бояд назорат карда шаванд, то асбобҳои зарурӣ ва олоти даркориро, ки садҳо сомониро ташкил медиҳанд, чун оҳанпора нафурӯшанд»,- изҳор доштА.Шукраков. Рӯзҳои охир ҳодисаҳои дуздии сарпӯши қубурҳои обу канализатсияҳо аз ҷониби кормандони милитсия ба қайд гирифта шудааст, ки он боиси нигаронии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва кушодани парвандаҳои ҷиноӣ нисбати ноболиғон ва ҷавонони болиғ гардидааст.

Май 15, 2012 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад