Идомаи як моҳи ҷавонӣ
Суғд, 24 май. (АМИТ «Ховар», М.Амонов). – Дар доираи як моҳи ҷавонӣ, ки дар вилояти Суғд идома дорад, 2 ҳазор нафар ҷавонону наврасони шаҳри Хуҷанд ба ҳашари ободонию кабудизоркунӣ баромаданд. Бо ҳиммати онҳо яке аз мавзеъҳои марказии шаҳр — маҳаллаи 30 — солагии Ғалаба боз ҳам хуррамтару обод гардид. Ҷиҳати дарёфти соҳибистеъдодҳо, тарғибу касбу ҳунаромӯзӣ ва мероси ниёгон асарҳои рассомони ҷавонони умедбахш, офаридаҳои меъморон ва ҳунарҳои халқӣ дар толори бахши вилоятии Иттифоқи рассомон тайи 7 рӯз ба намоиш гузошта шуд. Дар ҷараёни як моҳи ҷавонӣ ба хотири дастгирӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти рӯзгор дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аёдати ҷавонону наврасони маъюб сурат гирифт.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






