Истиқболи Рўзи ваҳдати миллӣ бо тўйи арўсӣ
Душанбе, 28 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи омодагии пойтахт ба таҷлили 15-умин солгарди Рўзи ваҳдати миллӣ дар ҷаласаи корӣ, ки дар ҳузури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ ва маҷмўи чорабиниҳои марбут ба таҷлили ин санаи таърихӣ тасдиқ гардид. Аз ҷумла, 27-уми июн дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» тўйи арўсии 60 ҷуфт ҷавони Душанбе, ки аз оилаҳои ниёзманданд баргузор гардида, аз ҷониби шаҳрдорӣ дар радифи тўҳфаҳо ба ҳар як оилаи навбунёд 5ҳазору 800 сомонӣ супорида мешавад. Дар доираи таҷлили Рўзи ваҳдати миллӣ ҳамзамон соати 10.00 дар «Наврўзгоҳи пойтахт» пойгаи аспдавонӣ ва шоми ҳамон рўз дар Варзишгоҳи марказии шаҳр гўштини миллӣ ташкил карда мешавад. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар Рўзи ваҳдати миллӣ дар тамоми Боғҳои фарҳангу фароғатии чор ноҳияи пойтахт -Боғи Дўстии Халқҳо, Боғи Ирам, Кўли ҷавонон ва майдони 800-солагии Маскав сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин барномаҳои ҷолиби фарҳангию фароғатӣ баргузор мегардад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






