20 июл-оғози моҳи Рамазон
Душанбе, 17 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Фарорасии моҳи шарифи Рамазон соли равон ба рўзи мубораки ҷумъа- 20 июли соли ҷорӣ рост омад. Дар ин хусус 17 июл аъзои Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае, ки таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода — раиси Шўрои уламои кишвар баргузор шуд, қарори дахлдор қабул намуданд. Дар ҷаласа имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд. Фарорасии моҳи мубораки Рамазон тибқи солшумории ҳиҷрӣ ва мувофиқи пажўҳишҳо ва пешниҳодоти олимони Пажўҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ муайян гардидааст. Атовулло Қосимов, сухангўи раиси Шўрои уламои кишвар дар сўҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ҷаласа ҳамзамон миқдори нисоб муайян ва тасдиқ шуд, ки он ба 14 ҳазору 887 сомонӣ, муодили 3 ҳазору 480 доллар баробар аст. Яъне, афроде, ки ин миқдор маблағ доранд, бояд дар ҳаҷми 422 сомонӣ ё 87 доллар закот диҳанд. Миқдори садақаи фитр аз ҳисоби нархи гандум гирифта шуда, ба сари ҳар як нафаре, ки рўза медорад, 3 сомонӣ муқаррар гардид. Моҳи Рамазон яке аз моҳҳои шариф барои мусулмонон маҳсуб ёфта, дар ин моҳи муборак Худованд барои бандагонаш китоби осмонӣ –Қуръони азимушшаънро нозил намудааст. Дар ин моҳ мусулмонон аз субҳ то шом рўза дошта, ибодат менамоянд, аз корҳои ғайришаръӣ дурӣ меҷўянд, қалбу рўҳ ва ҷисми худро аз ҳар гуна зиштиҳо пок месозанд. Дасти ёрӣ дароз намудани шахсони дорову сарватманд ба ятимону камбизоатон ва дигар қишрҳои осебпазири ҷомеа аз фазилатҳои ин моҳи муборак аст. Масъалаи болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ, хусусан дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои кишвар касро мутаҳаййир месозад, зеро бархе аз соҳибкорон ва тоҷирон, ки дар мағозаю бозорҳо ба фурўши маҳсулоти ниёзи аввалия машғуланд, беинсофӣ намуда, нархи маҳсулоти ғизоиро ба таври сунъӣ баланд мебардоранд, ҳол он ки чунин рафтор хоси мардуми мусулмон нест ва рисолати мусулмонӣ дар ин моҳи шариф некию накўкорӣ, хайру эҳсон, инсоф ва бародарию садоқат аст. Хуб мешуд дар ин самт бобати ҷилавгирӣ аз болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас меандешид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






