Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Барак Обама
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар»).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико Барак Ҳусейн Обама барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст: Ҷаноби Олӣ, Барои ман мояи сарфарозист, то табрику таҳнияти самимии хеш ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани ҷашни миллӣ – солгарди Рузи истиқлолият ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико тақдим намоям. Тоҷикистон мисли пешин хоҳони пешрафти Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо дар оянда низ аз тамоми имкониятҳо ва захираҳо дар ҳама соҳаҳо ва арсаҳои ҳамкорӣ истифодаи матлуб хоҳем намуд. Мо мутмаинем, ки равобити дӯстона ва ҳамкории васеи давлатҳои мо омили муҳими сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва берунтар аз он мебошад. Дар ин рӯзи саид ба ҷаноби Президент сиҳату саломатӣ, комёбиву муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба халқи дӯсти Амрико пешрафту шукуфоӣ ва саодату некрӯзӣ таманно дорам.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






