Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон меравад
Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). – Дирӯз, 3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Кришна Соманаҳолиро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили рушди ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкориҳои судманди ду кишвари дӯст Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ин ҳамкориҳо дар оянда рушду густариш хоҳанд ёфт. Кришна Соманаҳолӣ даъватномаи Президенти Ҳиндустонро ба Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташриф бо сафари расмӣ ба Ҳиндустон супорид. Президенти Тоҷикистон даъвати мазкурро пазируфта, барои анҷом додани ин сафар дар ҳафтаи аввали моҳи сентябр изҳори омодагӣ намуд. Кришна Соманаҳолӣ иброз дошт, ки дар рафти мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон мо мавзӯъҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро вобаста ба масоили минтақавӣ ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор додем. Номбурда афзуд, ки яке аз мавзӯъҳои муҳиме, ки дар меҳвари мулоқоти мо қарор дошт, қаробати мавқеъ ва назари ҳукуматҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ва ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ буд. Дар охир Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷӯҳ дар робита ба ҳамкориҳои минбаъда изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки ҷониби Ҳиндустон сафари расмии Президенти Тоҷикистонро бесаброна мунтазир хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






