Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Айбдор кардани иттифоқҳои касабаи Олмон Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).- Намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Раен-Эйр»-и Олмон иттифоқҳои касабаи сарнишинонро барои таъмини нокофии ҳавопаймоҳо бо сўзишворӣ ба хотири сарфаҷўӣ ва фишор овардан ба сарнишинон айбдор карданд. Бояд қайд кард ,ки тафтишот вобаста ба ин ҳодиса охири моҳи июл оғоз гардида буд. Тибқи маълумоти расонаҳои хабарии Олмон аз сабаби нарасидани сўзишворӣ се ҳавопаймои ширкати мазкур дар шаҳри Валенсияи Испания оҷилан фуруд омаданд. Сарнишинон аз он хавф доштанд, ки сўзишвории ҳавопаймоҳо то шаҳри Мадрид эҳтимол басанда нест. Ин амал боиси нигаронии ҳукуматдорони Олмон гардид.Аризаи шикоятии сокини Фаронса ба додгоҳ Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар»).- Як сокини шаҳри Парижи Фаронса нисбат ба ҳунарпешаи шинохтаи кишвар Жерар Депардйе ба додгоҳ аризаи шикоятӣ пешниҳод кард. Ба гуфти ӯ ҳунарпеша барои расонидани зарари ҷисмонӣ бояд муттаҳам дониста шавад. Мувофиқи хабари мақомоти полиси Париж садама бо айби ҳунарпешаи синамо 15-уми август дар яке аз кўчаҳои марказӣ ба вуқўъ омадааст.Ба гуфти роҳбари ташхисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ Депардйе дар роҳ бо мототсикл ҳаракат намуда, ба мошин бархӯрдааст. Дар натиҷа миёни ҳунарпеша ва ронандаи мошини сабукрав муноқиша сар зада, Депардйе соҳиби нақлиётро зери латукўб қарор додааст. Ба ақидаи ронанда, дар ин садама Жерари 63- сола гунаҳгор мебошад.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






