Эмомалӣ Раҳмон — профессори фахрии Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар»). — Зимни боздид аз Донишкадаи давлатии иқтисод ва идораи Туркманистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони профессори фахрии ин муассисаи бонуфузи таълимӣ дода шуд.Чунонки иттилоъ дода шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо ин унвони баланд барои саҳми намоёну арзандааш дар рушди робитаҳои илмию маърифатӣ ва фарҳангии миёни Тоҷикистону Туркманистон сарфароз мегардад. Қарор дар ин бора бо пешниҳоди Шӯрои илмии донишкада аз ҷониби Кумитаи давлатии аттестатсионии Туркманистон қабул гардидааст.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти иттилоотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






