Иди асал дар Роғун
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 26 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун иди асал, ки яке аз идҳои бузурги соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, таҷлил мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Осиямоҳ Давлатова, мутахассиси шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаа дастгоҳи раиси шаҳри Роғун иттилоъ дод. Тибқи иттилои манбаъ, дар чорабинӣ асалпарварони беҳтарини 15 хоҷагии занбӯрпарварии қаламрави шаҳр иштирок намуда, асалҳои худро ба намоиш мегузоранд. Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Роғун 1903 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст, ки нисбат ба соли гузашта ду оила зиёд мебошад. Қобили ёдоварист, ки асалпарварони шаҳри Роғун азм доранд дар соли 2012 истеҳсоли асали занбӯрро зиёд намуда, ба мардуми кишвар асали табииро пешкаш намоянд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






