Ободии диёр аз роҳ аст!
Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Марҳилаи аввали таъмиру таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода- сарҳади Ӯзбекистон, ки асосан аз кӯчондани аҳолӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин ба 229 нафар хонаводае, ки дар назди роҳ манзил доштанд, иборат буд, анҷом ёфта, ба онҳо дар ҳаҷми 2,3 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ дода шуд. Дар километри 40 ва 51 тайёр намудани захираи масолеҳ (регу санг) давом дорад. Дар километри 40 (2220 адад) ва дар километри 52 (5932 адад) тайёр кардани монеаҳо аз ду тарафи роҳ идома дорад. Дар километри 7,7-7,8, 7,82 ва 7, 85 сохтмони девори муҳофиз анҷом ёфт.Боиси тазаккур аст, ки таъмиру таҷдиди ҷиддии роҳи мазкур аз дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон 57 км буда, дорои 25,5 метр паҳноӣ ва чор хатти ҳаракати нақлиёт аст. Дар ин ҷо ҳамарӯза 150 мошину техникаи пуриқтидор таҳти назорати доимии ронандагону мутахассисони худӣ ва ҳамтоёни онҳо аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ин шоҳроҳи бузург фаъолият доранд. Дар ин масофа 15 купрӯк сохта ва барқарор мешавад. Баъзе қитъаҳои роҳ 7-10 метр паст шуда, гардишҳои душворгузар рост хоҳанд шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






