Омодагии табибон ба иди касбиашон
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 18 августи соли ҷорӣ тамоми кормандони тиб иди касбии худро, ки ба зодрӯзи файласуф, алломаи бузурги илми тиб Абӯалӣ ибни Сино рост меояд, ҷашн мегиранд. Соати 7- субҳи ҳамон рӯз тамоми табибони кишвар таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов дар назди муҷасаммаи нобиғаи бузурги ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино гулчамбар мегузоранд.Дар ин бора корманди маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.Тибқи иттилои манбаъ ба муносибати Рӯзи кормандони тиб дар маҷлисгоҳи вазорати тандурустӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвар, меҳмонон ва мутахассисони соҳа ҷаласаи тантанавӣ баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни ҷаласа 250 нафар корманди тиб бо нишонҳои сарисанигии Аълочии тандурустии Тоҷикистон, 150 нафар бо Ифтихорномаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон сарфароз хоҳанд шуд. Басо рамзист, ки аҳли тандурустии мамлакат иди касбии худро дар арафаи ҷашни 21-умин солгарди Истиқлолияти кишвар бо дастовардҳои назарраси касбӣ истиқбол мегиранд, ки онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нави илми тиб ҳидоят менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






