Пеши роҳи ҷиноят гирифта шуд
Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ дар моҳҳои январ – июли соли 2012 миқдори ҷиноятҳои вазнин ба 2 ҳазору 505 адад расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,2 фоиз кам аст. Ин маънои онро дорад, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои тарғиботию ташвиқотиро миёни аҳолӣ бо мақсади аз байн бурдани ҷинояткорӣ бештар ба роҳ мондаанд. Ё ин ки эҳтиром гузоштан ба волоияти қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ миёни табақаҳои гуногуни ҷамъият мавқеи муайянро ба худ касб кардааст. Ин аст, ки ба қайд гирифтани ҳодисаҳои ҳуҷуми роҳзанона ба миқдори 56,9 фоиз, куштори бадқасдона ва сӯиқасд ба куштор-34, порахӯрӣ, одамрабоӣ, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба таҷовуз мутаносибан 25 фоиз, қаллобӣ-20, бадқасдона маъюбу маслуқ кардан 8,5 фоиз кам шудааст.Ба иттилои манбаъ, дар баробари кам шудани ҷиноятҳои дар боло зикр ёфта, ҷиноятҳои дигари вобаста ба тайёр кардан, истеъмол, фурӯш ва нигоҳ доштани маводи нашъаовар низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 1,8 фоиз кам шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






