Стратегияи нави беҳтаркунии сатҳи зиндагии аҳолӣ
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазъи умумии иқтисодиёт ва дурнамои рушди иқтисоди кишвар мавзӯи меҳварии мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии Ҷонатан Данн буд. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ХБА-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Зикр шуд, ки аз рӯи барномаи қаблии ҳамкорӣ пешравиҳо ба назар мерасанд ва имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаи нав мавҷуд аст. Дар навбати худ Ҷонатан Данн оид ба вазъи умумии иқтисоди кишвар, омилҳои пешрафт ва боздорандаи рушди иқтисодӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, аз дурнамои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ду-се соли оянда, иқдоме, ки дар ин самт Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо амалӣ менамоянд, пурсон шуд. Ш.Раҳимзода ба намояндагони ХБА иттилоъ дод, ки дар маҷлиси навбатии Ҳукумати кишвар «Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои 2013-2015» қабул шуд, ки он рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дар ин давра таҷассум менамояд. Тарафҳо ҳамчунин ба лоиҳаи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вазъи молиявию бонкии кишвар, сохтмони иншооти азим ва хурди энергетикӣ, аз ҷумла НБО-и Роғун, ҷараёни таҳияи «Стратегияи нави беҳтаркунии сатҳи зиндагии аҳолӣ барои солҳои 2013-2015» таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






