Баргузории иди «Асал ва харбуза» дар Душанбе
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шоми 1-уми сентябр дар чор бозори калонтарини шаҳри Душанбе гиру дори онҳое, ки ба рӯзи иди «Асал ва харбуза» маҳсулоти кишоварзони вилояти Суғдро вориди ин бозорҳо гардонида буданд, ба чашм мерасид. Меҳмонони суғдӣ корро чун анъанаҳои бобоии ба онҳо хос аз сохтани кату каппаҳои аз чӯбу қамиш иборат, оғоз намуданд. Дар як муддати кӯтоҳтарин ҳама чизи зарурӣ сохта шуд ва маҳсулоти полизӣ вориди айвончаҳои намоишгоҳ гардонида шуд. Одамони атроф кори онҳоро мушоҳида намуда, аз ҳавсалаи онҳо завқ мебурданд. — Охир чӣ ҳам бояд кунанд, рӯзи 2-юми сентябр ид аст, онҳо чун масъули баргузории ин ид бо супориш омадаанд ва бояд тарзе корро ба роҳ монанд, ки на худ ва на роҳбаронашонро ба хиҷолат монанд,- гуфт оне, ки ба доираи мардуми ҷамъомада ҳамроҳ шуда буд. Корҳо то торикии шаб давом кард ва баъди он ҳам дар равшании чароғҳои барқӣ корҳои дигарро низ анҷом доданд. Чун маҳсулотро аз мошинҳо дар ин чавкандиҳои сохташуда ҷой доданд, субҳи дуюми сентябр фаро расид, мардум ҳам як-як, ду-ду ҷамъ омада, дар назди маҳсулоти дилхоҳашон пушти ҳам рост истода, навбат гирифтанд ва ин корашонро аз рӯи одоби шаҳриёна медонистанд.Расо соати 7-у 30 –и рӯзи дуюми сентябр масъулони Вазорати кишоварзӣ ба ин намоишгоҳ ҳозир шуданд. Масъалаи муҳиме, ки дар назди кормандони вазорат меистод аз он иборат буд, 400 тонна маҳсулоти кишоварзиро, ки аз вилояти Суғд вориди чор бозори калонтарини пойтахт шудааст, бо кадом нарх ба мардум пешниҳод намоянд. Комиссия хулосаи худро бо назардошти нархи бозорҳои Душанбе 25-30 фоиз арзонтар ба фурӯшандагон пешниҳод намуд. Аз чеҳраи мардум пай бурдан мумкин буд, ки онҳо аз нархи маҳсулоти ба онҳо пешниҳодшуда қаноатманданд. То соати 12-и рӯзи дуюми сентябр аз 407 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва 47 тонна асали ба бозорҳои пойтахт воридшуда чизе боқӣ намонд, ки ин худ гувоҳи он аст, ки сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзони Суғдро хуб меписанданд ва барои ҳарчӣ зиёдтар ба даст овардану захира намудани он талош мекунанд. Бо қарори Ҳукумти ҷумҳурӣ дирӯз дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иди «Асал ва харбуза» доир гардид. Сокинони шаҳри Душанбе аз баргузории иди «Асал ва харбуза» ба хоҷагидорон ва роҳбарони вилояти Суғд изҳори миннатдорӣ намуда, онро чун нишони дӯстиву бародарӣ ва ягонагии ин мардуми сарзамини кӯҳанбунёд дар давраи истиқлолият маънидод намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






