Эҳёи навъҳои арча дар Суғд

Сентябрь 20, 2012 11:10

Суғд, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Масоҳати хоҷагиии ҷангал дар ҳудуди вилояти Суғд 589 ҳазор гектар мебошад, 80 ҳазор гектари он арчазор буда, дар мавзеъҳои аз 1,5 ҳазор метр баландтар аз сатҳи баҳр месабзанд.  Дар чанд парваришгоҳи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд ба тариқи кӯчат парвариши коҷи кабуд – навъи пурқиммати арчаро, ки аз намудҳои камёфти дарахти ороишист, ба роҳ монданд. Дар мавсими имсола эҳёву афзун намудани навъи арчаи зарафшонӣ – як навъи арчаи кӯҳӣ роҳандозӣ шуд. Дар минтақаҳои мансуб ба хоҷагии ҷангал дар 20 гектар зиёда 10 ҳазор бех ин навъи арча шинонида шуд. Боғи хуч 8 гектар ва ангат 21 гектар зиёд гардида, майдони сафедор дар 32 гектар бунёд шуда, дар 144 гектар барои пешгирии биёбоншавии мавзеъҳои алоҳида саксавул шинонида шуд.

Сентябрь 20, 2012 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад