Созишномаҳои грантӣ ва қарзӣ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ боз 8 созишномаи грантӣ ба маблағи 610 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида шавад,- иброз дошт вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода.Ба иттилои манбаъ, то моҳи июли соли ҷорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ вазорат 4 созишномаи грантӣ ба маблағи умумии 221 млн.сомонӣ ба имзо расонидааст.Тибқи таҳлилҳои пешакӣ, дар нимсолаи аввали соли 2012 ҳаҷми умумии маблағҳои азхудгардидаи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ бо назардошти қарзи Ҷумҳурии Мардумии Чин 499 млн. сомонӣ ё 70 фоизи нақша, аз ҷумла қарз ба маблағи 225 млн. сомонӣ, грант 261 млн. сомонӣ ва ҳиссаи Ҳукумати ҶТ 12 млн. сомониро ташкил дод. Вазир ҳамчунин иброз дошт, ки маблағи қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2012 ба 2 млрд. 127 млн. доллари ИМА рост меояд ва ин дар мавридест, ки қарзи хориҷии давлати рушдёфтатарини олам- ИМА ба 16 триллион доллар расидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






