Ҳамкории муҳофизони ҳуқуқ ва журналистон
Душанбе, 31 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Тоҷикистон 31 октябр ва 1 ноябр дар шаҳри Душанбе семинари «Ҳамкории байни васоити ахбори омма ва муҳофизони ҳуқуқ» — ро доир менамояд. Иштирокдорони семинар дар ҷараёни он усулҳои ташкил ва доир намудани нишастҳои матбуотӣ, истифодаи усулҳои гуногуни таҳияи хабару мақолаҳоро ёд мегиранд. Ғайр аз ин журналистон имкон пайдо менамоянд, ки донишҳояшонро перомуни қонунгузории кишвар ғанӣ гардонанд. Иштирокдорони семинар ҳамчунин барои тарҳрезии усулҳои самарабахши ҳамкории муваффақона машқҳои амалиро рӯи кор меоранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






