Ҷашни «Фалак» дар Тоҷикистон
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал — симпозиуми IV байналмилалии «Фалак» ва фарҳанги мусиқиии муосир баргузор гардид. Симпозиумро вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ ифтитоҳ намуд. Сипас доктори илми санъатшиносӣ Фароғат Азизӣ дар мавзӯи «Фалак: осор, пажуҳиш ва таълим», доктори илми санъатшиносӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи «Маънии «фалак»-ро аз фалак биҷӯ», доктори илмҳои таърих А. Раҷабов дар мавзӯи «Шигифтангезии шифоҳию мардумии назму навои фалак», Ёсин Суммит (ИМА) дар мавзӯи «Аз назарияи мақом то амалияи мақом: Дувоздаҳмақом, Чаҳоршадд, Шашмақом» ва аҳли дигари санъати мусиқӣ сухан гуфтанд. Худи ҳамон рӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ҳунармандони озарӣ ва ансамбли «Коллаж»-и Маркази фарҳанги мусиқии ҳиндуии шаҳри Толяттии Русия, ҳамчунин донишҷӯёни Консерваторияи миллии ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ карданд.Нимаи дуюми рӯз дар Кохи Ҷомӣ консерти ансамбли давлатии «Фалак» бо роҳбарии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов баргузор гардид. Имрӯз Фестивал — симпозиуми байналмилалии «Фалак» ба поён мерасад ва ғолибони он бо диплому туҳфаҳои қимматбаҳо қадр мешаванд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






