«Амонатбонк» ятимону бепарастонро шод гардонид

Октябрь 25, 2012 14:18

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Роҳбарияти Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (БДА ҶТ) дар арафаи Иди саиди қурбон дили тарбиятгирандагони мактаб- парваришгоҳи рақами 1-и ноҳияи Рӯдакиро шод гардонид. «Амонатбонк» сарпарастии ин муассисаи таълимии бепарасторонро ба уҳда дошта, пеш аз ҳар иду ҷашнҳо ононро бо лавозимоти хониш ва хӯрокӣ таъмин менамояд. Ин навбат низ роҳбарияти бонк ба ятимону бепарасторон ба маблағи беш аз 8 ҳазор сомонӣ кӯмак расонид. Дар мактаб- интернат 1346 нафар хонанда таълиму тарбия мегиранд, ки аз ин шумора 266 нафарашон бепарастор мебошанд. Дар ин бора Сайфулло Салимов, сардори маркази матбуоти Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Октябрь 25, 2012 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад