Боздиди мутахассисон аз Хюстон ва Детройт
Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гурўҳе аз мутахассисони тоҷик, ки аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, туризм ва созмонҳои ҷамъиятӣ иборат буд, аз Амрико баргаштанд.Онҳо муддати 10 рўз- аз 29 сентябр то 8 октябр дар иёлатҳои Техас, Юта, Невада ва Мичиган аз марказҳои илмию фарҳангӣ ва таърихии Амрико боздид намуда, бо пешрафт ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии ин кишвар ошно гардиданд. «Сафари мутахассисони тоҷик ба Амрико дар доираи барномаи «Ҷаҳони боз» сурат гирифт, ки ҳадафаш таҳкими ҳамкориҳои судманд байни Тоҷикистон ва Амрикост»,- мегўяд Анора Акбарова, ҳамоҳангсози барномаи мазкур дар Тоҷикистон. Мавсуф зикр кард, ки мутахассисони бахшҳои гуногуни Тоҷикистон, ки аз минтақаҳои гуногунанд, зимни сафарашон ба ин кишвар дар оилаҳои амрикоиҳо зиндагӣ карда, ҳамзамон бо ҳаёту рўзгори амрикоиҳо аз наздик ошно шуданд ва аз ҷониби дигар, таърих ва анъанаҳои миллати тоҷикро ба амрикоиҳо муаррифӣ намуданд. Мутахассиони тоҷик дар чорабиниҳо оид ба бахшҳои «Мубориза бар зидди хариду фурўши одамон», «Саёҳати экологӣ» ва «Рушди созмонҳои ҷамъиятӣ» дар шаҳрҳои Хюстон, Орем, Рено ва Детройт иштирок намуда, бо ҳамтоёни амрикоии худ мулоқот анҷом доданд ва табодули таҷриба намуданд. Зимни бозгашт ба Тоҷикистон мутахассисони тоҷик дар як нишаст дар Душанбе, ки дар он кормандони сафорати Амрико, масъулини Шўрои амрикоии маорифи байналмилалӣ ва хабарнигорон ҳузур доштанд , таассуроти сафари худро аз Амрико неку хотирмон арзёбӣ карданд. Барномаи «Ҷаҳони боз» аз соли 2007 дар Тоҷикистон татбиқ мешавад ва , то ин вақт беш аз 200 нафар дар он иштирок намудааст. Барнома аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ гардида, соли 1999 аз ҷониби ду арбоби ҷамъиятию сиёсии Русия ва Амрико академикҳо- Дмитрий Лихачев ва Ҷеймс Биллингтон созмон дода шудааст.10.35.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






