Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Русияро ба ҳузур пазируфт
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия ба Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамгироии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи трансмиллӣ, аз ҷумла ҷиноёте, ки дар заминаи терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир содир мегарданд, зоҳир гардид.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамгироии босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар дар пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳои гуногун ва дастгир кардани ҷинояткорони пурхатар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид дошт, ки робитаҳои самарабахши вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар минбаъд дар самти мубодилаи иттилооти фаврӣ, омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа ва расондани кӯмаки техникӣ бояд боз ҳам густариш ёбанд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки зимни маҷлиси якҷояи ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия доир ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкорӣ ва баланд бардоштани самарбахшии он қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






