Гузоштани гулчанбари хотира дар назди «Ҳайкали ёдгорӣ»
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Имрӯз соати 08:00 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов якҷоя бо вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерал-лейтенанти политсия Владимир Александрович Колоколтсев дар назди «Ҳайкали ёдгорӣ» бахшида ба ёдбуди кормандони ҳифзи ҳуқуқе, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, гулчанбари хотира гузоштанд. Тибқи иттилои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии кишвар Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия имрӯз соати 10:00 дар бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз мебахшад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






