Маскав: таъмини сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон

Октябрь 22, 2012 11:32

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Агентии иттилоотии «РИА Новости»-и шаҳри Маскав дар чаҳорчӯби ҳамоиши илмию амалии «Русия-Афғонистон: пули дӯстӣ» мизи гирде зери унвони «Афғонистон пас аз соли 2014 (ҷанбаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ)» баргузор гардид.Дар он ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дипломатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Маскав, аз ҷумла Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносону таҳлилгарони масоили Афғонистон, намояндагони расонаҳои хабарӣ ва кормандони Вазорати корҳои хориҷии Русия ширкат варзиданд.Намояндагони мардумӣ дар порлумони Афғонистон, раиси Иттиҳодияи донишҷӯёни Донишгоҳи Нангарҳор, роҳбари маркази тиҷоратии Афғонистон дар Русия, коршиноси масоили Афғонистон, мудири иҷроияи Шӯрои соҳибкорони ҳамкорӣ бо Афғонистон дар назди Палатаи савдою саноати Русия дар робита ба имрӯзу дирӯзи Афғонистон ва ҷанбаҳои сиёсиву иқтисодии он кишвар пас аз соли 2014 маърӯза карданд. Миёни иштирокдорон вобаста ба таъмини сулҳу суботи пойдор дар Афғонистон ва аҳамияти он ба минтақа, ҷанбаҳои мушкилоти кишвар, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тавлид ва паҳншавии маводи мухаддир, ниёзҳои ҷомеаи Афғонистон, аҳамияти пешрафти иқтисод дар ҳалли мушкилоти мавҷуда, зарурати ёриву мусоидатҳои ҷомеаи байналмилалӣ ба он кишвар табодули назар сурат гирифт.Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Октябрь 22, 2012 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд