Мулоқот дар Сафорати Қазоқистон
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Ба муносибати 20 – солагии ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи даъвати Машварат ҷиҳати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ва муаррифии китоби «Султони меҳнат» (ба забони тоҷикӣ) 8 октябр дар Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон мулоқот бо намояндагони созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бори нахуст 5 октябри соли 1992 дар иҷлосияи 47 – уми Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид масъалаи даъвати машварат аз рӯи ҳамкорӣ ва боварӣ дар Осиёро ба миён гузошта буд. Ин ташаббусро бархе давлатҳои Осиё дастгирӣ намуданд. Хотирнишон месозем, ки 5 октябр Рӯзи расмии Машварат ҷиҳати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад






