Оғози сафари кории Э.Раҳмон ба вилояти Суғд

Октябрь 27, 2012 10:45

Душанбе, 27 октябр (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ифтитоҳи як зумра иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ, зербиноӣ ва фарҳангӣ ва ҳамчунин шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба вилояти Суғд сафар кард.Боздиди кории Сарвари давлат аз вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз ёфт. Дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ба навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент оғози расмӣ бахшида шуд.Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи шоҳроҳ 114 км буда, дар доираи ин тадбир ҳамчунин қариб 60 км роҳҳои маҳаллии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакент аз нав сохта мешавад ва дар маҷмӯъ масофа ба зиёда аз 170 км мерасад.Зикр гардид, ки барои навсозии роҳи мазкур 650 миллион сомонӣ, яъне қариб яксаду чил миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардида, корҳо бояд дар муҳлати ду-се сол ба анҷом расонда шаванд.Тибқи нақша паҳнои қисмати асосии роҳи нав аз 12 то 15 метр ва дар дохили шаҳри Панҷакент 20 метрро ташкил медиҳад. Роҳи дохили шаҳр чорхата ё чорқатора шуда, дар чанд ҷой гузаргоҳҳои зеризаминӣ ҳам бунёд меёбанд.Ин лоиҳа ҳамчунин сохтмону навсозии 31 адад пулро бо масофаи қариб 900 метр ва чароғон намудани 41 километр роҳҳои маҳалҳои аҳолинишин ва хариди техникаву таҷҳизоти нигаҳдории роҳро ба маблағи 12 миллион сомонӣ дар назар дорад.Иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми татбиқи ин лоиҳа то 500 нафар сокинони маҳаллӣ давоми 2-3 соли оянда бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ мардуми водии Зарафшон ва кулли кишварро бо ин тадбири фараҳбахш табрику таҳният гуфта, ба Бонки осиёии рушд, ки барои навсозии ин роҳ ба тариқи грант 100 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намудааст, арзи сипос кард.Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва дигар сохторҳои масъул дастур дода шуд, ки анҷоми саривақтӣ ва босифати корҳоро дар татбиқи ин лоиҳа таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.Бо назардошти ҳузури роҳбарият ва фаъолони шаҳри Панҷакент дар ин чорабинӣ ба кишоварзони он супориш дода шуд, ки ояндаи наздик истеҳсоли картошкаро то ба 100 ҳазор тонна расонанд. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба рушди саноат, истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони табиӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва ривоҷ додани туризми экологӣ ва фарҳангӣ дода шуд.
Дар ин маросими тантанавӣ, ҳамчунин Муовини президенти Бонки осиёии рушд Сиаою Жао иштирок ва суханронӣ намуда, изҳори умеду боварӣ кард, ки ин қитъаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим дар сатҳи байналмилалӣ навсозӣ шуда, ба густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол мекунад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 27, 2012 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад