Узвият ба СҶТ: манфиатҳо ва чолишҳо
Душанбе, 15 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Масоили манфиатҳо ва чолишҳо аз узвият ба Созмони ҷаҳонии Тиҷорат /СҶТ/ фардо- 16 октябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ зимни нишасте, ки таҳти унвони «Дарёфти манфиати бештар аз узвият дар СҶТ- гуфтушунидҳо дар мавриди хидматрасониҳои молиявӣ ва озодсозии онҳо» доир мегардад, матраҳ мешавад. Тибқи иттилои Саидмуъмин Камолов – Роҳбари миллии барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон»-и Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) ин чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Иҷрои талаботи СҶТ ва огоҳии доираҳои тиҷоратӣ аз шароити узвият ба он» доир мешавад. Мутахассисони СҶТ аз таҷрибаю донишҳои худ ба иштирокдорони нишаст атрофи масоили марбут ба узвият дар СҶТ ибрози назар менамоянд. Хуан Маркетти мутахассиси СҶТ мегўяд: «Мо ҳамчунин аз мушкилоте хоҳем гуфт, ки дар дигар кишварҳои дар раванди озодсозӣ рӯ задаанд ва бо кадом роҳҳо бартараф шудаанд. Ба мавзуи узвият дар СҶТ ва хидматрасониҳои молиявӣ, ҳамчунин ба мавзуи масъулиятҳои кишварҳое, ки ахиран узви СҶТ шудаанд, таваҷҷуҳ зоҳир мешавад». СҶТ созмони байналмилалӣ буда, қоидаҳои тиҷорат миёни кишварҳоро танзим мекунад, то ба ин васила ба истеҳсолкунандагон, пешниҳодгарони хадамот, содиркунандаҳо ва воридкунандаҳо дар тиҷораташон мусоидат кунад. Алҳол 157 кишвари ҷаҳон узви CҶТ буда, 27 давлати дигар, аз ҷумла Тоҷикистон дархости узвият ба СҶТ-ро кардаанд ва ин дархостҳо дар марҳилаҳои гуногуни баррасӣ қарор доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






