Вазири корҳои дохилии ФР дар Душанбе
Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Шоми дирӯз як ҳайати вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия бо роҳбарии вазири корҳои дохилии ин кишвар Владимир Колоколтсев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани мушовараи навбатии муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба Душанбе ташриф овард. Меҳмонони олиқадрро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе вазири корҳои дохилии Ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов пешвоз гирифт. Мушовараи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия кори худро имрӯз 10 октябр оғоз хоҳад кард, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мубориза бар зидди экстремизм, ошкор намудан ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил ва иттиҳодияҳое, ки робитаҳои фаромиллӣ доранд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Ҳамзамон дар ҷараёни ҷаласа дурнамои ҳамкориҳои муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия барои соли 2013 баррасӣ мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллоев иттилоъ дод.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






