«Ҳаҷ-2012» анҷом ёфт
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Саидэҳсон Солиев).- Мутобиқи барномаи «Ҳаҷ-2012», дирӯз соати 21 00, дар хатсайри Ҷидда-Душанбе ҳавопаймои Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» охирин гуруҳи ҳоҷиёнро ба Душанбе овард. Муҳаммадюсуф Шодиев, котиби матбуотии «Ффурудгоҳи байналмилалии Душанбе» бо таъйиди ин хабар гуфт: «Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» расмиёти ҳуҷҷатҳои бозгашти ҳоҷиён аз ҷониби мақомоти марбута дар кӯтоҳтарин муҳлат анҷом ёфта, гирифтани бағоҷ ва бурунравӣ аз ҳудуди фурудгоҳ низ мутобиқи вақти муайяншуда сурат гирифт . Ёдрас мешавем, ки бозгашти ҳоҷиён якуми ноябр шурӯъ гардида, парвози аввалро ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» бо 182 нафар ҳоҷӣ анҷом дода буд. Дар маҷмўъ барои интиқоли зоирин ба ҳаҷ ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» иштироки фаъол доштанд. Бояд гуфт, ки аз рўи барномаи «Ҳаҷ -2012» сафари зоирин ба ҳаҷ аз 29 сентябр оғоз гардида, то 19 октябр идома дошт. Бозгашт аз 01.11.2012 шуруъ гардида, дар таърихи 18.11.2012 анҷом ёфт. Дар ин муддат «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба зиёда аз 5000 нафар ҳоҷӣ бо 53 хатсайр хизмат расонида шуд,- гуфт Муҳаммадюсуф Шодиев ба хабарнигори «Ховар».








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






