Ҳамкории ПСС ва Ширкати CRATA
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова ). – 15 ноябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо намояндагони ширкати ҳуқуқшиносии CRATA баргузор гардид. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ширкати мазкур аз ҷумлаи ширкатҳои асосии ҳуқуқшиносии ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ ва минтақаи баҳри Хазар маҳсуб ёфта, дар Осиёи Марказӣ, Британияи Кабир ва Русия дафтарҳои корӣ дорад. Ин ширкат хидмати ҳуқуқии сармоягузорони хориҷиеро анҷом медиҳад, ки ба бозорҳои кишварҳо, аз ҷумла ба бозори Тоҷикистон роҳ пайдо мекунанд. Мақсад аз мулоқот роҳандозии ҳамкории байни Палатаи савдо ва саноат ва ширкати CRATA барои барқарор намудани равобит бо сармоягузорон буд.Дар ҷараёни мулоқот масоили узвият ба Палатаи савдо ва саноат, фаъолияти Суди ҳакамии назди Палатаи савдо ва саноат, масъалаҳои тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзури ҷалби сармояҳои хориҷӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






