Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ

Ноябрь 16, 2012 14:34

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – 15 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Ҷибути шаҳри Ҷибути ҷаласаи 39 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ оғоз ёфт.Дар ҷаласа вазири корҳои хориҷии Қазоқистон дар бораи кори иҷрошуда ба ҳайси раёсати Қазоқистон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии созмони мазкур ҳисобот дод. Президенти Ҷумҳурии Ҷибути Исмоил Умар Гелле дар бораи масоили мубрами ҷаҳони исломӣ сухан ронда, саъю кӯшишҳои созмонро ҷиҳати ҳалли онҳо ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд. Ҷаласаи имсола таҳти шиори «Мушорикат ба хотири рушди устувор» сурат мегирад. Дар ҷараёни ҷаласа масоили муҳимтарини бахшҳои сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва илму техника мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар кори ҷаласа намояндагони 57 давлати аъзои Шӯро кишварҳои мушоҳид ва созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Низомиддин Зоҳидов ширкат доранд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ноябрь 16, 2012 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад