Ҷамъомади идона дар Хадамоти муҳоҷират

Ноябрь 16, 2012 14:01

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). -Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба 20-солагии Иҷлосияи 16-уми шӯрои Олии ҶТ ҷамъомад ботантана доир гардид. Дар ҷамъомад муовини аввали сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев оид ба масъалаҳое, ки дар Иҷлосияи 16-уми шӯрои Олӣ садо дода буданд, назари худро баён дошт. Дар ҷамъомад зикр шуд, ки мамлакат дар тӯли 20 сол баъд аз баргузор гардидани иҷлосияи мазкур ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират Абдуллоҳи Қодирӣ дар бораи моҳияту манзалати сиёсии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ гуфт, ки: «Бо шарофати сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯ ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ баланд гардид. Дар фарҷоми ҷамъомад роҳбарияти Хадамоти муҳоҷират кормандони муассисаро бо 20-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ табрик намуданд. Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ хабар дод.

Ноябрь 16, 2012 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад