Чорабинии ботантана дар Сафорати ҶТ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба ифтихори 20 — солагии Иҷлосияи ХУ1 таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантана баргузор гардид.Кормандони вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари давлатии Ҷумҳурии Федеративии Олмон, намояндагони аҳли тиҷорат ва илм, аҳли ҷамъият ва васоити ахбори омма, ҳамчунин донишҷӯёни тоҷик ва аъзои Ҷамъияти Тоҷикистону Олмон барои муборакбод намудани мардуми Тоҷикистон бо ин санаи фархундаю тақдирсоз ҷамъ омада буданд. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов зимни суханрониаш перомуни марҳилаҳои асосии таърихи навтарини давлати тоҷикон нақл кард.Сафир ҳамчунин дар бораи саъю кӯшишҳои бузурги Сарвари кишвар барои истиқрору таҳкими пояҳои давлтдорӣ, таъмини қонунияту сулҳ ва аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишвар сухан ронд. Дар анҷоми чорабинӣ ба ҳамаи меҳмонон китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки ба забони немисӣ чоп шудааст, тақдим гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






