Густариши ҳамкориҳои Беларусу Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2012 14:00

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ ба сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Олга Гаврук баргузор гардид.Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самтҳои мухталифи саноат густариш диҳанд.Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки имконияти васеъ намудани ҳамкориҳои дуҷониба ниҳоят зиёд аст.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 16, 2012 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад