Харитаи интерактивии сомонаи Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 17 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи ҷаҳонии интернет боз як навоварии муҳим ворид гардид. Кунун маводи заруриро аз ин сомона метавон тавассути харитаи интерактивии Тоҷикистон пайдо намуд.Харитаи интерактивии Тоҷикистон дар сомонаи расмии Президенти кишвар дар шабакаи ҷаҳонии интернет барои осону қулай ва зуд пайдо намудани хабару гузоришҳо, аксу навор, китобҳо ва дигар маводи зарурӣ таҳия ва пешкаш гардидааст.Харита дар барномаи HTML5 сохта шуда, ба ҳама намуд ва шакли браузерҳои хонандагони сомона дар бахшҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисии он дастрас мебошад.Дар харитаи интерактивии Тоҷикистон ҳамаи 65 шаҳру ноҳияи кишвар нишон дода шудааст. Ҳангоми пахш намудани ягон шаҳр ва ё ноҳия, хабару гузоришҳо аз сафарҳо ва суханрониҳои Президенти Тоҷикистон дар ҳамон макон бо аксу наворҳояш пешкаш мегардад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






