Иштироки Э. Раҳмон дар ҷамъомади тантанавии Иҷлосияи 16-уми таърихӣ
Хуҷанд, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои суханронии худ дар ҷомъомади тантанавии бахшида ба 20- солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб», ки ба тозагӣ ба истифода дода шуд, ҳамаи ҳамватанон ва ҳозирони ҷамъомадро ба муносибати санаи баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар таҳният гуфта, ба сокинони меҳмоннавози шаҳри Хуҷанд, ки дар он айёми таърихӣ мизбони иштирокдорони иҷлосия буданд, арзи сипос намуд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои сахту душвори соҳибистиқлолии Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр кард, ки маҳз ҷанги шадиди бародаркуш дар кишвар, фалаҷ гардидани пояҳои иқтисоди миллӣ ва нооромиҳои тӯлонии дохилӣ сабаб гардиданд, ки таъмини воқеии истиқлолият ва таҳкими он бо назардошти талаботи замони муосир ба таъхир афтад. Ба гуфти Президент, чун вакилони халқ дарк карда буданд, ки ягона роҳи наҷоти давлату миллат аз парокандашавӣ –ин баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олист, пас эшон ягона минтақаи ороми кишвар — шаҳри Хуҷандро макони баргузории Иҷлосияи шонздаҳум интихоб карданд, ки дар ин иҷлосия аз 230 вакил 193 нафари онҳо иштирок намуданд. Ба андешаи Сарвари давлат пойдор гардидани сулҳу оромӣ дар кишвар натиҷаи иродаи мустаҳками сокинон ва мақомоти роҳбарии мамлакат аст. Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуд, ки халқи тоҷик рисолати худро пеши Ватан ва таърих сарбаландона ба ҷо овард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






