Китоби сол-2012

Ноябрь 16, 2012 09:56

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз 20 ноябр то 20 декабри соли равон озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2012»- ро эълон менамояд.  Дар озмун ҳамаи муаллифони асарҳои назму насри тоҷик, ки китобҳояшон дар соли 2012 дар муассисаҳои нашриявииТоҷикистон нашр шудаанд, ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Маҳорати маъниофарӣ, риояи санъати сухан, бадеият, забон, услуб, пайвастагии афкор ва банду басти силсилаи воқеаҳо, мувофиқати мазмуну мундариҷаи асар бо талаботи замони муосир шартҳои асосии озмун маҳсуб меёбанд.Барои ғолибон дипломҳо ва мукофоти зерини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла барои ду китоби назм: дипломи дараҷаи аввал ва 1500 сомонӣ ва дипломи дараҷаи дуввум ва 1000 сомонӣ, барои ду китоби наср: дипломи дараҷаи аввал ва 1500 сомонӣ ва дипломи дараҷаи дуввум ва 1000 сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ноябрь 16, 2012 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад