Конфронси намояндагони сохторҳои давлатӣ

Ноябрь 16, 2012 11:14

Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). – Аз 12 то 14 ноябр барои намояндагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои соҳаҳои истихроҷи маъдан ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ конфронс дар мавзӯи роҳандозии ибтикорот ҷиҳати шаффофияти соҳаҳои истихроҷи маъдан дар Тоҷикистон баргузор гардид.Ин чорабинӣ дар ҳошияи тадбирҳо барои рӯи кор овардани ислоҳоти бахши истихроҷи маъдани Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар симои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки умумиҷаҳонӣ, Институти Ҷомеаи кушода, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон сурат гирифт. Тавре ки аз Вазорати молия ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар конфронс дурнамои роҳандозии ибтикорот ҷиҳати шаффофияти соҳаҳои истихроҷи маъдан, ҳамчунин таҷрибаи Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба созмони зикршуда ворид гардидани Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷолибияти сармоягузорӣ беҳтар намуда, мақоми кишварҳое, ки ҷонибдори шаффофият ва масъулият барои ба даст овардани даромад ва самарабахшии он мебошанд, беҳтар гардонида шавад.

Ноябрь 16, 2012 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад