Кормандони ВКД мукофот гирифтанд
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 15 ноябр дар шаҳри Душанбе рӯзи ташкили Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таҷлил гардид.Мувофиқи хабари ВКД ҷумҳурӣ, дар маросими бахшида ба ин санаи фархунда сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона Ҷӯрахон Зоиров ҳайати шахсии раёсатро муборакбод намуд. Сипас бо фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба кормандони фаъоли раёсати мазкур нишону ифтихорномаҳо супурда шуданд.Бо фармони вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев корманди раёсати мазкур полковники милиса Маҳбуба Қосимова барои ҳамкории фаъолонааш бо нишони махсус сарфароз гардид.Бино ба хабари манбаъ, тибқи фармони сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккилона 14 нафар кормандони он бо мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






