Мактаб номи Ширин Бунёдро гирифт

Ноябрь 16, 2012 14:33

Хоруғ, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 13-уми ноябр дар мактаби миёнаи рақами 9-и деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа ҷамъомади номгузории мактаби номбурда бо номи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд баргузор гардид. Дар он муовини раиси Маҷлиси Олии Маҷлиси миллии Ҷумҳурӣ, раиси ВМКБ Қодири Қосим зикр намуд, ки Ширин Бунёд чун қаламкаши тавонои ваҳдатсаро дар адабиёти тоҷик мавқеи муайяни худро дорад. Котиби бахши бадахшонии Иттиҳодияи нависандагон Лаълҷубаи Мирзоҳасан аз эҷодиёти шоир сухан ронд. Ҳунарпешагони Қасри фарҳанги ноҳия бо барномаи консертӣ баромад намуданд. Дар барнома сурудҳое садо доданд, ки матни онҳо ба қалами Ширин Бунёд таалуқ дошт. Дар ин рӯз инчунин осорхонаи шоир кушода шуд.

Ноябрь 16, 2012 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад