Мулоқоти муовинони вазоратҳои корҳои хориҷӣ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар»). – Дар ҳошияи ҷаласаи 39 – уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Ҷибутӣ мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомуддин Зоҳидов бо муовини вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Таиланд Ҷулапонг Нонсиш баргузор гардид.Дар ҷараёни мулоқот масоили муносибатҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла, ҳамкории ду кишвар дар доираи Созмонҳои ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Муколамаи ҳамкорӣ дар Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин перомуни рушди минбаъдаи ҳамкорӣ табодули афкор баргузор шуд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






