Нуфуси Роғун афзудааст
Душанбе, 16 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Шумораи аҳолии шаҳри Роғун аз ҳама бештар бо суръати баланд афзуда, дар фосилаи байни барўйхатгириҳо 1, 7 баробар зиёд шудааст, ки ин ҳолат ба кўчида омадани аҳолӣ ба ин шаҳр иртибот дорад»,- чунин омадааст дар гузориши Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ оид ба «Ҷамъбасти натиҷаҳои асосии барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010». Дар гузориш гуфта шудааст, ки шаҳри бузургтарини ҷумҳурӣ Душанбе аст, ки шумораи аҳолиаш нисбат ба соли 2000-ум 162,9 ҳазор нафар ё 29% афзуда, 724,8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шаҳри соҳили Сир –Хуҷанд дуюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб ёфта, нуфуси он нисбат ба соли 2000-ум 15,7 ҳазор ё 11 % афзуда, 162, 8 ҳазор нафар аст. Ду шаҳри ҷануби кишвар- Кўлобу Қўрғонтеппа ва як шаҳр дар шимоли Тоҷикистон –Истаравшан дар гуруҳи шаҳрҳои аҳолиашон аз 50 то 100 ҳазор раддабандӣ шудааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






