Оқибати офатҳои табиӣ
Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ «Ховар» Лутфия Эшонқулова). – Тайи 11 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 305 ҳолатҳои фавқулодда ба кайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 6 ҳолат зиёд аст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон Ориф Нозимов ба АМТ «Ховар» хабар дод.Мувофиқи маълумоти манбаъ, тайи давраи зикршуда дар ҷумҳурӣ 29 зилзила, 114 ҳодисаи фуруди тарма, 91 ҳодисаи сар задани сел ва 19 ҳодисаи лағжиши қабатҳои замин ба қайд гирифта шуд. Аз оғози сол бар асари офатҳои табиӣ 26 нафар ҳалок гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли 2011 баробари 17 нафар зиёд аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






