Омодагӣ ба зимистон хуб аст
Хоруғ, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).-Коркунони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Мурғоб фасли зимистонро бо омодагии комил истиқбол гирифтанд. Тибқи маълумоти сардори муассиса Дарвозӣ Мирзонаботов 90 дар сади техникаи дар ихтиёри онҳо буда таъмир гардида, дар мавзеъҳое, ки дар зимистон хавфу хатари роҳбандӣ бар асари боришоти барф мавҷуд аст, омода шуд.Ҳоло барои фаъолияти бонизоми техника дар ҳамаи мавзеъҳо сӯзишворӣ захира гардида, дар ҷойҳои хатарнок ба андозаи 3000 метри мукааб маводи зидди лағжиш захира шудааст . Ба зиммаи муассиса дар ҳолати хуб нигоҳ доштани 625 километр роҳи байналмилалӣ ва 236 километр роҳи маҳаллӣ гузошта шудааст. Қисмате аз ин роҳҳо аз ағбаҳои осмонбӯси Талдиқ ва Қизиларт мегузаранд ва зимистон бар асари боришоти зиёди барф ва тундбод роҳсозонро ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ месозанд. Аммо бештари роҳсозону муҳандисон, ки таҷрибаи зиёди корӣ доранд, ҳамеша дар талоши онанд, ки роҳҳоро дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, ҳаракати нақлиётро таъмин намоянд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






