Президент: «Иҷлосия ба талошҳои мансабхоҳон нуқта гузошт»
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Тибқи гуфтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон азбаски дар солҳои пурдаҳшати ҷанги дохилии Тоҷикистон шаҳри Душанбе моҳияти сиёсии худро ҳамчун пойтахти кишвар аз даст дода буд, аз ин хотир Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд, дар Қасри Арбоб, ки минтақаи нисбатан ором маҳсуб мешуд, доир гардид ва аз ҳамин ҷо иқдомҳои аввалин ҷиҳати барқарории сулҳ ва ҳокимияти конститутсионӣ оғоз ёфтанд. «Иҷлосияи шонздаҳум имконият дод, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад ва маҳз бо шарофати иродаи созандаи мардум дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бо талошҳои шабонарӯзии Ҳукумати мамлакат ва дастгирии халқи тоҷик ягонагии Тоҷикистон таъмин ва пойтахти кишвар аз маркази муноқишаҳои сиёсиву муқовимати шаҳрвандӣ ба гаҳвораи ташаккули ваҳдати миллӣ мубаддал гардад»- иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон. Ба андешаи Роҳбари давлат Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи навро дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз намуд ва тавассути он ба давраи бесарусомонӣ, кашмакашу талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошта шуд. Бояд гуфт, ки ҷомеаи ҷаҳон зимни таваҷҷуҳ ба кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҳамфикриву ҷонибдориашро аз санадҳои қабулшуда ва азму иродаи роҳбарияти нави давлати Тоҷикистон дар хусуси барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва эъмори давлати демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ баён намуд. Аз ин хотир, метавон гуфт, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ низ ҳаст ва санадҳое, ки дар он қабул шудаанд, ҳам барои халқи тоҷик ва ҳам барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти таърихӣ доранд.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






