Сафари Ҳ. Зарифӣ ба Япония
Душанбе, 8 ноябр (АМИТ «Ховар»).- 8 ноябри соли 2012 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи марказӣ + Япония”, ки 10 ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, бо сафари корӣ озими Токио шуд.Ба рӯзномаи вохӯрии 4-уми вазирон масъалаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳифзи муҳити зист ва амнияти минтақавӣ ворид шудаанд. Дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ роҳбарони ҳайатҳоро Сарвазири Япония Ёсихико Нода ба ҳузур мепазирад. Дар рафти сафар ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар назар аст. Боиси зикр аст, ки таъсиси Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” бо ташаббуси Япония бо мақсади рушду таҳкими ҳамкориҳои бисёрсамта бо кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯи кор омада буд. 28 августи соли 2004 дар шаҳри Остона (Ҷумҳурии Қазоқистон) вохӯрии аввалини вазирони корҳои хориҷӣ дар чаҳорчӯбаи Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” баргузор шуд, ки дар он Изҳороти муштарак қабул гардид. 5 июни соли 2006 дар Токио (Япония) вохӯрии дуввуми вазирони корҳои хориҷӣ барпо шуд. Дар натиҷаи вохӯрӣ “Нақшаи корӣ” қабул гардид, ки самтҳои асосии ҳамкориро дар чаҳорчӯби Муколама муайян намуд. Вохӯрии сеюми вазирони корҳои хориҷӣ 7 августи соли 2010 дар шаҳри Тошканд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон) баргузор шуда буд. Дар чаҳорчӯби Муколама дар сатҳи намояндаҳо бо иштироки коршиносони вазоратҳои корҳои хориҷӣ мунтазам машваратҳо баргузор мегарданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






